Имоми Аъзам Абӯҳанифа – имоми босафо ва сироҷи умматони Мустафо, шахсияти барҷаста дар таърихи фиқҳи исломӣ, яке аз пешвоёни суннат ва поягузори мазҳаби ҳанафӣ мебошанд. Панду насиҳатҳои Имоми Аъзам ба он дараҷае пурборанд, ки қадру манзалати худро то ҳол гум накардаанд. Имоми Аъзам аз фарзандони барӯманди форсу тоҷик аст, ки дини ислом аз онҳо зебу фар ёфтааст.